ДОНИШГОҲ АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕГУЗАРАД…

1004

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намудааст.

Бо ин мақсад имрӯз (29.03.2023) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба донишгоҳ ташриф оварда, барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.

Қаблан комиссияи экспертӣ бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуда, дар самти баргузории аккредитатсия табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки ихтисосҳои кори тиббӣ-ташхисӣ ва кори табобатии факултети тиббӣ, ихтисоси дорусозии факултети фарматсевтӣ, ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси молия ва қарзи факултети молиявию иқдисодӣ, ихтисоси механикаи факултети механикаю математика, ихтисоси химияи факултети химия, ихтисоси физикаи факултети физика ва ихтисоси биологияи факултети биология аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.

Кори комиссияи экспертӣ тибқи барнома аз вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ, суҳбатҳо бо муовинони ректор, сардорони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва садорати факултетҳои марбутаи донишгоҳ оғоз ёфт, ки дар он экспертони хориҷӣ низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Таъкид менамоем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро доро мебошад.

Мақсади асосии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг бақайдгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, муайян намудани сифати таҳсилот ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани онҳо мабошад. Дар сурати дар қайди ин агентӣ будан дипломи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар қаламрави дигар кишварҳо эътироф карда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз аввалин агентиҳои аккредитатсионӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва мақоми баландро соҳиб гардидааст.

Агентӣ соли 2011 таъсис ёфта, моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ эътироф, моҳи ноябри соли 2016 мақоми узви ассотсиатсияи аврупоӣ доир ба сифати таҳсилоти олӣ (ENQA)-ро соҳиб ва 20-уми июни соли 2017 дар рӯйхати таъмини сифати таҳсилоти олии Аврупо дохил гардидааст ва ин имконият медиҳад, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аккредитатсияи байналмилалиро доир намояд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли 2019 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Кори комиссияи экспертӣ идома дорад…