ФОРУМИ ДӮСТӢ: ТОҶИКИСТОН – ЧИН – РУСИЯ

375

Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Форуми дӯстӣ: Тоҷикистон – Чин – Русия баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои дахлдор ва намояндагони муассисаҳои муштараки илмию таълимӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд. Дар зимн ба зумрае аз институтҳои таълимию фарҳангии Конфутсий, аз ҷумла ба Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ Ифтихорномаи Ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ супорида шуд.