ХАЛҚҲОРО ДӮСТӢ АРВАНД КУНАД

147

Таҳти ин унвон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, намояндагони Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии Русия ва сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон, инчунин роҳбарон ва фаъолони анҷуманҳои дӯстӣ, намояндагони мақомоту сохторҳои гуногун, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки чорабинии имрӯза дар рушди ҳамкориҳои минбаъда такони ҷиддӣ бахшида, дастовардҳои тозаеро дар рушди равобити дуҷониба эҷод менамояд.

Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Григорев зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба сухан намуда, самти равобитаи илмию таълимии кишварҳо, хусусан табодули устодону донишҷӯён ва пешрафтҳои низоми таълиму истеҳсолотро яке аз омилҳои таҳким баъшидани риштаи дӯстӣ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур дар таҳкими муносибатҳои гуногунсамтаи кишварҳо мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки раëсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ якҷоя бо 24 анҷумани алоҳидаи худ дар таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, махсусан наздикгардонии халқҳову фарҳангҳо, ривоҷи дипломатияи мардумӣ пайваста кӯшиш менамояд ва доираи фаъолияташ бештар густариш меëбад.

Тибқи Созишномаи байни Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии Русия ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ба имзо расида (25 ноябри соли 2022), моҳи июни имсол дар Москва «Анҷумани дӯстии Русия бо Тоҷикистон» сабти ном шуд.

Зимни ҳамоиш байни «Анҷумани дӯстии Русия бо Тоҷикистон» ва зерсохтори Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон — «Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз баргузории чорабинӣ меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ боздид намуданд. Ҳамзамон, дар Маркази забони русии донишгоҳ вохӯрии судманд оростанд.

Чорабинии «Халқҳоро дӯстӣ арванд кунад» бо намоиши барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллӣ ва ансамбли Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, инчунин, супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба охир расид.