ИФТИТОҲИ КИТОБХОНАИ НАВ ДАР ШАҲРАКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ

422

Имрӯз дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хондани китобҳои илмию бадеӣ бо ибтикори ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. филиали нави китобхонаи донишгоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ифтитоҳи он ректори донишгоҳ ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷӯрахон Хол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Китобхонаи мазкур дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир буда, фарогири беш аз 230 ҳазор номгӯи китоб мебошад.

Филиали нави китобхона аз синфхона ва толори хониш иборат буда, барои донишҷӯёни донишгоҳ имкони хуби мутолиаро ба вуҷуд меварад.

Бо ин муносибат дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., профессори факултети филологияи тоҷик М. Солеҳов ва устоди факултети таърих Ҷ.Шарипов суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ иброз намуд, ки тоҷикон бо гузаштаи пурифтихор ва амали китобдориву китобофарии худ дар ташаккул ва рушди фарҳангу адаби соири халқҳои ҷаҳон таъсир расонида, мақом ва манзалати хешро дар бунёди тамаддуни умумибашарӣ устувор сохтаанд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китобхонаи илмӣ дар сохтори илми Донишгоҳ фаъолияти пурсамар дорад, ки дар он зиёда аз як миллиону бист ҳазор нусха китоб маҳфуз аст. Қадимтарин китоб дар китобхонаи илмии донишгоҳ аз асри XIII милодӣ вуҷуд дорад, ки дар шуъбаи дастхатҳо нигаҳдорӣ мешавад. Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои 8 филиал дар бахшҳои табиатшиносӣ, риёзию дақиқ, иқтисодию гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ ва филологӣ буда, ифтитоҳи филилаи факултети молия ва иқтисод, ки дар он тамоми шароити муосир барои хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст, як иқдоми дигар дар рушди китобхонаи илмии донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Зимнан таъкид шуд, ки дар Китобхонаи илмии донишгоҳ китобхонаи электронӣ дар ду толори калон фаъолият менамояд, ки бо тамоми технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Манобеи электронии китобҳо қариб ба 150102 нусха расидаанд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ мебошанд ва дар самтҳои гуногуни илманд. Китобхонаи элктронии донишгоҳ ба ғайр аз ҷойгир намдуни шакли электоронии маводи нашршудаи илмию методии устодону кормандони донишгоҳ, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ боз бо 12 китбхонаи электронии хориҷи кишвар пайваст аст, ки хонандагони он бо зиёда аз 30 миллион нусха китоб дастрасӣ доранд.

М. Солеҳов – профессори факултети филологияи тоҷик зимни суханронии хеш иброз намуд, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳост. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд.

Ҳамзамон, устоди донишгоҳ Ҷ.Шарипов дар бораи аҳамият ва ҷойгоҳи китоб дар ҳаёти башарӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки китоб роҳнамо ва чашми бинои инсон аст ва ҳар шахсе, ки рӯ ба китоб биёрад, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида метавонад. Китоб сармояи ақлу хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯст, ки инсонро ба роҳи рост, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамун месозад.

Ёдрас мешавем, ки қисме аз китобҳои китобхонаи мазкур дар бинои факултети фалсафаи донишгоҳ ҷойгир буданд ва бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ макони мусоид – бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ муайян шуда, бо фарогири беш аз 230 ҳазор нусха китоб бо унвони Китобхонаи фанҳои гуманитарӣ ташкил шуд.