ИФТИТОҲИ ТОЛОРУ ОЗМОИШГОҲИ НАВ ДАР ДМТ

452

Имрӯз қабл аз баргузории чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ барои ҳайати устодону кормандони донишгоҳ озмоишгоҳу толорҳои нав мавриди ифтитоҳ қарор гирифтанд. Толорҳои нав барои устодону кормандон, хусусан барои устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети механикаву математика армуғони наврӯзӣ гардид. Ин ҳам бошад бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ташаббуси декани факултети механикаю математика Қосимов И. Толори нав ба номи профессор Муҳаммадюсуф Юнуси Қамарзода ва Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ дар факултети мазкур кушода шуданд.

Гуфта мешавад, ки Озмоишгоҳи мазкур дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 омода гардида, барои донишҷӯёни ихтисосҳои информатика ва амнияти компютерӣ судманд мебошад.

Зимни ифтитоҳи Толори нав ба номи профессор Муҳаммадюсуф Юнуси Қамарзода (олими шинохта, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, таваллуд – 1949, фавт – 2022) ва Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ректори донишгоҳ дастур дод, ки толори мазкур барои баргузории ҳамоишҳои илмию амалӣ ва нишастҳои сатҳи байналмилалӣ омода гардидааст. Дар толор устодону донишҷӯён, аз ҷумла шогирдони шодравон Муҳаммадюсуф Юнуси Қамарзода метавонан тадқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.

Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ иқдоми аввалин буда, барои донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет муҳим мебошад. Омӯзиш ва таҳияи корҳои илмӣ дар самти техникаю технология талаботи замон мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки толорҳои мазкур бо тарроҳии замонавӣ ва таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд. Донишҷӯён метавонанд аз таърихи технологияи компютерӣ то ба раванди рушди имрӯзаи он шинос шаванд.