ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ ВАТАН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

303

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии кишвар

Устодону кормандон ва шогирдони азиз!

Ҳамасола 29-уми сентябр дар кишвари мо Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли кормандони хизмати дипломатии кишварро самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоям.

Соли 1993 дар ин рӯз бори аввал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Яъне, имрӯз дар таърихи ватан рӯзи таърихӣ сабт шуд ва ҷашни онҳоест, ки ҳаёти худро ба хизмати Ватан ва ҳифзи манфиатҳои он дар арсаи байналмилалӣ бахшидаанд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Фаъолият дар ҷодаи дипломатӣ ҳамеша шараф маҳсуб мегардид. Тули солҳои мавҷудияти давлат дар сиёсати хориҷии ватанӣ ашхоси дорои тафаккури амиқ, қобилияти баланд ва зеҳни назаррас фаъолият намуданд. Онҳо номи миллати тоҷикро дар ҷаҳон машҳур намуда, моҳият ва арзишҳои сиёсати хориҷӣ ва таъриху фарҳанги кишваврро муаррифӣ кардаанд. Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Меҳвари сиёсати хориҷии мо, дар баробари таъмину ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён иборат аст”. Мусаллам аст, ки дар иҷрои ин вазифа донишу таҷриба, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдонӣ нақши муҳим доранд.

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз соли 2002 ҳамчун шуъба ва аз 1- уми сентябри соли 2011 ҳамчун факултет фаъолият дорад. Он масъулияти омода намудани кадрҳоро дар самти сиёсати хориҷӣ, хадамоти дипломатӣ ва намояндагони дипломатӣ дар кишварҳои хориҷиро ба уҳда дорад. Ҳоло дар факултети мазкур мутахассисон аз рӯи 4 ихтисос: муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия омода карда мешаванд. Раванди ҷаҳонишавӣ аз мо фидокории комил ва маҳорати баланди касбиро тақозо мекунад. Моро мебояд барои рақобатпазир будани хатмкунандагони соҳавӣ дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон ҷидду ҷаҳд намуда, дар баробари омӯзиши махсусиятҳои касбӣ, инчунин, садоқат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва хештаншиносиро ба донишҷӯён-ҷавонон талқин намоем. Умед дорем, ки факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ минбаъд низ анъанаи мактаби дипломатияи ватаниро, ки аз умқи қарнҳо бармеояд, идома хоҳад дод.

Ҳамватанони азиз!

Айни замон дар шароити шиддати рақобати геополитикии кишварҳои абарқудрат, тағйиротҳои бунёдӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ва зуҳури хатарҳои муосир дар назди хадамоти дипломатӣ вазифаи ташаккули шароитҳои мусоиди рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар хориҷа, ташаббусҳо дар самти сулҳу амнияти ҷаҳонӣ, мусоидат ба баррасӣ ва ҳалли масоили глобалӣ меистанд.

Барои татбиқи ин ҳадафҳо анвои нави дипломатия ва самтҳои муосири он зарур мебошад, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд. Ин ҳолат тарбияи кадрҳои ояндаро бо назардошти махсусияти иқтисоди ҷаҳонӣ, фазои иттилоотӣ, иштирокчиёни нави муносибатҳои байналхалқӣ тақозо менамояд. Боварӣ дорем, ки дар ин самт ҳамкориҳои сохторҳои дипломатӣ бо донишгоҳи мо аз пештара бештар густариш меёбанд.

Дар ниҳоят мехоҳам, бори дигар ҳайати кормандони хизмати дипломатии кишвари соҳибистиқлоламонро самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, саодатмандӣ ва муваффақиятҳои нав ба нави кориро орзу менамоям. Ҳамзамон, ба собиқадорони соҳа, онҳое, ки дар солҳои аввали истиқлолият манфиатҳои Ватанро ҳимоя карданд, изҳори сипос менамоям. Илова бар ин, ба кулли устодоне, ки кормандони ояндаи хизмати дипломатиро дар заминаи мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат тарбия менамоянд, комёбиҳо таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!