
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд имрӯз (02.12.2025) ҳайати роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озварро ба ҳузур пазируфт.
Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии Донишгоҳ шинос намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои илмию таълимӣ, густариши равобити байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни донишгоҳҳо, табодули таҷрибаи илмӣ, густариши равобити академӣ, вусъат додани ҳамкориҳои илмиву таълимӣ, инчунин, табодули донишҷӯён ва мусоидат ба омода намудани мутахассисони соҳибтахассусро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар зимн ректори Донишгоҳ таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди устувори низоми таҳсилот аҳаммияти хос доранд.
Дар навбати худ Эрол Озвар ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанг, фаъолсозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълим таъкид намуд.
Дар охир тарафҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои минбаъда ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти ташкили семинару ҳамоишҳои илмӣ, табодули устодону донишҷӯён, барномаҳои таҳсилоти муштарак ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.








