ИНТЕРНЕТ ВА ФАРҲАНГИ КОРБУРДИ ОН

3851

Ҷаҳони имрӯзро бе интернет тасаввур кардан ғайримумкин аст. Интернет ҳарчанд мушкилкушои бисёре аз корҳои мардум гашта бошад ҳам, вале истифодаи нодуруст ва надонистани фарҳанги корбурди он муҷиби бадбахтии афрод, ҳатто ҷомеаҳо гаштааст. Китоби «Фарҳанги корбурдии интернет», ки ахиран дар ҳаҷми 132 саҳифа рӯи чоп омад, ба қалами коршиносон Шонасриддинов М. ва Халиков М. тааллуқ дорад. Муаллифон тавонистаанд, ки ба ҷанбаҳои гуногун, осебпазирӣ ва таъсири мусбату манфии ин падидаи аср ишора намуда, ба корбарони он гӯшзад намоянд, ки ҳар амале дар интернет масъулият ва ҷавобгарӣ дорад.

Боварӣ дорем, ки ҳар нафаре метавонад бо хондани ин китоб аз розҳои корбурди интернет ва дар истифодаи он огоҳ бошад.

Ёдовар мешавем, ки яке аз муаллифони ин китоб (Халиков М.) корманди Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ мебошад.