Иштироки донишҷӯи ДМТ дар Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022», Озарбойҷон

310

Пагоҳ (4.11.2022) дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо оғоз шуда, то 6 ноябр идома меёбад.

Дар Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» ширкати 391 варзишгар (227 мард ва 164 зан) аз 63 кишвари сайёра дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 12 паҳлавони шинохта, аз қабили Муслимбек Каримов бо Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60 кг, Каюмарс Норов бо Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг, Эмомризо Анварзода бо Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар рақобатҳо миёни мардон муаррифӣ хоҳанд кард.

Тавре иттилоъ дода будем, донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар баробари таҳсил, инчунин, ба варзиш низ завқи хосса доранд. Ҷаҳонгир Маҷидов – иштирокчии мусобикаи мазкур аз ҷумлаи варзишгарони донишгоҳ мебошад, ки дар курси чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад.

Дар ин бора мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Бухориев А. иттилоъ дод.Муваффақият хоҳонем!