ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМӮНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

186

Ҳафтаи охир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмӯни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти классик баргузор гардида истодааст. Озмӯни мазкур дар робита ба дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Ҳамасола ҷараёни баргузории озмӯни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин мақсад имсол ҳам чун анъана дар баргузории ин озмӯн иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назаррас аст. Имрӯз дар рафти баргузории озмӯни мазкур донишҷӯёни факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштироки фаъолона доштанд.

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон