ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

351

Дар доираи ҳамкориҳо дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ мегузарад. Дар ҷараёни форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок доранд. Мавзӯи нишаст «Ҳамкории башардӯстона — таҷрибаи сӣ сола ва дурнамои рушд» мебошад, ки дар доираи он нақшаҳои ҳамкорӣ бо назардошти воқеияти муосир ва муайян кардани самтҳои афзалиятнок таҳлилу муҳокима хоҳад шуд. 

Дар доираи чорабинӣ намоиши Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона- «Чеҳраи Иттиҳод», маросими супоридани Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» ва Ҷоизаи байналмилалии «Иттиҳоди дебютҳо» баргузор хоҳад шуд. Доир ба мавзӯъҳои «Мероси фарҳангии кишварҳои иттиҳод», «Ҷомеаи илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ», «Рамзи навтарини фарҳангии ИДМ: самтҳои рушди ҳамкорӣ», «Адабиёти кишварҳои Иттиҳод — равандҳои нави ҳамгироӣ», «Ҳамкории ҷавонони мамлакатҳои Иттиҳод» табодули назар карда мешавад.
Қобили таъкид аст, ки дар бахшҳои форум олимон, омӯзгорон ва эҷодкорон ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд, аз қабилӣ: самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилот ва навоварӣ, кор бо ҷавонон, ташаккули муколамаи байнифарҳангӣ,  соҳаи адабиёт, нашри китоб ва ғ..