ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

378

Боиси хушнудии мо ҷавонон аст, ки маҳз дар даврони соҳибстиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандози намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмуи онҳо аз дастуру супоришҳо ва хидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон сарчашма мегирад, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.

Маҳз ҷавонони соҳибтаҷриба ва соҳибирода метавонад дарки соҳибистиқлолӣ ва бунёдкориро таҷассум намоянд. Дар ҷомеаи ҳозир аз ҳама қишри тавонову қавӣ ва матин ин ҷавонон ва насли наврас аст. Мазмун ва мундариҷаи мафҳуми истиқлолият ва таҳкими сулҳу суботро онҳо амиқ дарк мекунанд, зеро ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори онҳо куллан бо замони муосир ҳамоҳанг аст.

Тоҷикон дар таърихи гузашта бо доштани ҷавонмардони далеру қавитани худ ифтихор доштанд ва доранд. Маҳз ҷаҳонпаҳлавонону гурззанони саҳифаҳои таърихии мо то имрӯз дар китобҳо нуҳуфта аст. Ҳанӯз аз қаҳрамонони шуҷои халқи тоҷик ба мисли Темурмалику Восеъ, Муқаннаву Спитамени бузург аҷнабиён ба дод омада буданд. Имрӯз ҷавонони мо низ дар пайравии гузаштагони худ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.

Номи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда, ливои муқаддаси кишварро боло мебардоранд. Имкониятҳои фарроху васеъи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон беандоза аст. Имкониятҳои хуби илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои ҷавонон фароҳам шудаанд. Биноҳои наву замонавӣ, муассисаҳои бо тамоми шароит фароҳамовардашуда, майдончаҳои варзишӣ ва дигар имкониятҳои самарабахш маҳз барои ҷавонон ҳадя карда шудааст, ки то аз ҳамаи ин имкониятҳо бомаврид истифода карда, барои ободиву суботи кишвари азизамон ҳиссагузор бошанд.

Барои ҳамаи ин имкониятҳои фароҳамшуда, мутмаин аз онем, ки ҷавонони мо дучанд барои номдории номи кишвар саҳми бориз мегузоранд. Ҳам дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳам дар ҷодаи олимпиадаҳои фаннӣ номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бозҳам бо дастовардҳои назаррас муаррифӣ менамоянд.

Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми диёр, дастгирии насли навин, таълиму тарбия додан ба наврасон ва дасти мадад додан ба ниёзмандон, пирони рӯзгордида ҳифзи манфиати миллии мо аст. Поку беолоиш нигоҳ доштани забони нобу ширини тоҷикиямон хизмати мо ба Ватан аст.

Зиҳӣ Истиқлоли миллат, зиҳи шаҳболи устувори давлат. Мо бояд ифтихор кунем, ки дар чунин давлати соҳибтамаддуну соҳибливо зиндагӣ мекунем. Тоҷикистонро номдор кардан ва афзун кардани дастовардҳои он вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ҳифзи дастовартҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва пос доштани ғурури миллӣ барои мо ҷавонон ҳам фарз ва ҳам қарз аст.

Шарифова Шукрона,

донишҷӯйи ДМТ