Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабули хонандагонро, дар синфҳои 1-11 таҳсилашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эълон менамояд.
Дар литсейи мазкур устодони варзидаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва муаллифони китобҳои дарсии мактабҳои миёна фаъолият менамоянд.
Бинои нави литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои синфхонаҳои замонавию барҳаво буда, барои таълиму тарбияи хонандагон бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин, дар Литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши фанҳои химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад. Дар баробар ин, дарси омодагии дифои ҳарбӣ низ дар синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Ба хотири соҳибҳунар намудани таълимгирандагон, дар дохили бинои нав 3 синфхонаи алоҳидаи омӯзиши касбу ҳунар барои писарон ва духтарон ташкил гардида, дар ин ҷо онҳо малакаи кандакорӣ, дӯхти сару либос ва омодакунии ҳар гуна таъомро аз бар менамоянд. Ҳамчунин бинои нав дорои ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ бо тамоми дастгоҳҳои зарурии корӣ мебошад.
Бинои нав ҳамчунин дорои ошхонаи замонавӣ буда, толори маҷлисии он низ бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд гардидааст. Ин толор барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ мусоид мебошад. Литсейи мазкур дорои автобус ва микроавтобус буда, бурдану овардани хонадагонро таъмин менамояд.
Қабули хонандагон барои номнавис дар бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ воқеъ дар н. фирдавсӣ (кӯчаи Яккатут 4) баргузор мегардад.
Довталабон метавонанд ба бинои литсей омада, номнавис шаванд.
Телефонҳо: 1. 900-12-53-47
2. 918-44-48-12
3. 985-85-19-85
4. 007-11-15-53
Маъмурияти Литсейи ДМТ