ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАШАККУЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

951

Дар таърихи давлату давлатдории худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро сипарӣ менамояд, ки дар он ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо роҷеъ ба масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва ҳамбастагии байни воҳидҳои маъмурӣ на ҳама вақт муяссар мешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ фурӯ барад, ки шаҳрвандонаш барои дарки воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он чанд муддат бечораву оҷиз мемонанд. Гоҳо андешидани чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст ҳам пешгирии оқибатҳои нохушоянди ин равандро дар консепсияи фалсафию ирфонии «муборизаи ба ҳам зидҳо» номумкин мегардонад.

Тавре ки маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар муҳити ягонаи рушди мардумони форснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тӯли ҳазорсолаҳо дар сохторҳои гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд. Кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди устувори сулолавӣ машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Андарзи Манучеҳр чунин гуфтаҳо дорад: «Пешинагон рафтанду ҷаҳон ба мо даст боздоштанд ва моро чора нест ҷуз аз паси эшон рафтан. Ва эшон моро чунонанд, чун бехи дарахт мар дарахтро ва мо эшонро чун шохи дарахт». Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат ниҳод: роҳбарӣ, сипоҳ, раият ва мӯбади мӯбадон ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдории мулк муқаррар кард. Ин тарзи ҷобаҷогузорӣ ва табақабандӣ дар фарҳанги эронитаборон, ба истилоҳи коршиноси масоили таърих ва назарияи миллат Эрик Ҷон Ҳобсбаум «ихтирои анъанаҳо» (the invention of tradition)-ро ба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки дар марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону форснажодон дар матни платформаи фарҳангсолории «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Барои пойдории ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих, қудсияти забон ва рушди устувори сулолавӣ. Дар давраи рушди тоисломии фарҳанги ниёгони мо низоми табақавии муносибат то андозае садди роҳи рушди истеъдодҳо дар ҷомеа мегардид, зеро омӯхтани илм танҳо ба мӯбади мӯбадон – меҳтари ҳамаи уламову ҳукамо ва атрофиёнаш мансуб буд ва ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун маҳдудиятҳо дошт. Аз ин ҷиҳат дину фарҳанги исломӣ бартарияти бештар нишон дод. Ислом бо шиори талаби илм ва эълони баробарии иҷтимоии мусулмонон дар назди Худову пайғамбар ба неруи тӯли садсолаҳо нуҳуфтаи мардуми тоҷиктабор имконияти васеи татбиқи амалӣ дод ва иқтидори ақлонию ҷисмонии онҳоро ошкор кард. Ҳамин буд, ки ниёгони мо дар садаҳои аввали ислом тавонистанд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ чирадаст шаванд ва як зумра олимону фақеҳон, муфассирону муҳаддисон, табибону донишмандони бахши улуми дақиқро тақдими ҷаҳониён гардонанд. Аммо шаклгирии консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллатгароии муосир Ҳобсбаум, Гелнер ва дигарон «тарҷумаи матнҳои муқаддас, ҳамчунин, ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ» яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Таъсиси давлати сирф миллии тоҷикӣ бо номи Сомониён дар шароити қурунивустоӣ дар заминаи таъмини ваҳдати саросарии қавму халқҳои маскуни ин ниҳоди сиёсӣ ба даст омад. Амирони бофарҳанги сомонӣ нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монда, дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Дар ҳоле ки ин корҳоро миллатҳои аврупоӣ дар асрҳои XVII – XVIII анҷом доданд, агар юришҳои турку муғул рӯй намедоданд, дар ҷомеаи тоҷикон ташаккули мафҳуми миллат ба маънои томи имрӯзааш ҳамон асрҳо татбиқи амалӣ пайдо мекард. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузошт ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва миллатсозӣ табдил диҳад, ҳудуди мувозинати мантиқиро байни унсурҳои динӣ ва миллӣ таъмин намояд. Дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб карда, ба унсури фарҳангсолор, ваҳдатофарин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт. Ҳарчанд таърих дар ҳаққи пойдории давлату давлатдории миллати тоҷик ҷафоҳои зиёде раво дидааст, вале забони тоҷикӣ мақоми қудсият ва дар сатҳи коргузории давлатӣ истифода шуданро то ибтидои асри ХХ нигоҳ дошта тавонист. Хамирмояи назми оламгири тоҷику форс ҳам сабку мактаби шеърии устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ будааст, ки то имрӯз ҳамчун манбаи илҳом ва ситораи қутбнамои шоирони марзу буми форснажодон боқӣ мондааст. Ҳамон тасвиру ифодаҳои ҷовидонаи шеърӣ тӯли асрҳои зиёд дар шаклҳои жанрофаринии тоза ва баёни санъатҳои шеърии нав аз даруни худ эҳё шуда истодаанд. Аз ин рӯ, пос доштани мақоми давлатии ин забон ва таъмини пайванди ногусастании он бо омӯзиши нусхаҳои хаттӣ ва осори илмию адабӣ гарави бақои ваҳдати миллат ва пойдории давлати тоҷикон хоҳад буд.

Аммо дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд бигӯем, ки ҳангоми расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке неруи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду неруи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо карданд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк намуданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду неруҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ пинҳон накарданд.

Аслан аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва идеологӣ гузаштани созмону аҳзоб ва ҳаракату ҷамъиятҳои мансуб ба дини ислом солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон таҳаққуқ пазируфт. Корбурди атеизми динӣ дар сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба Афғонистон даромадани неруҳои низомӣ ба оташи ин бадбинӣ равған рехтан гирифт. Пешвоёни муқовимати тундхӯёнаи динӣ режими ҳукмрони Афғонистон ва пуштибонони шӯравии онҳоро “душман ва ашрор” ном ниҳоданд. Дастгирии сиёсӣ ва молиявии ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро, тундгаро ва қудратхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ Афғонистонро ба ҷабҳаи муборизаи ду неруи ҷаҳонӣ – капитализм ва сотсиализм табдил дод. Барои шикаст додани нуфузи шӯравӣ дар Афғонистон лоиҳаҳои сершумори исломӣ пешниҳод шудан гирифт, ки тамоми маводи он аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба забони форсии дарӣ омода карда мешуд. Дар солҳои 80 – 90 – уми асри ХХ дар заминаи буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни муътақидони дину конфессияҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Баъди берун овардани неруҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудратхоҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмонҳои исломӣ рангу тобиши тамоман дигар касб кард ва дар зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои аксари мардумаш мусалмони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам овози ҳаводорону пуштибонони ислом баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам обрӯю эътибори исломро коста гардонд ва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои суннатию таърихии ин ду миллат зарбаи ҷонкоҳ зад.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам, ба қавли донишманди тоҷик Ҳақназар Назаров, арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ “ба ҷойи он ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс, ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд”. Дар замони муосир доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги давлати Сомониён корҳои таҳқиқотии зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, дар ҷамъбасти хулосавии сабабҳои суқути давлати муқтадири Сомониён омилҳои зеринро зикр кардаанд: ваҳдату ягонагӣ дар байни роҳбарияти олии давлат ва сулолаи ҳукмрон ба хотири расидан ба тахту тоҷ заиф шудан гирифт; гвардияи миллии Сомониён, ки аз шумори сарбозони кироя ва ғуломони турктабор иборат буданд, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда такягоҳу сипари давлат шуда натавонистанд; муборизаи як қатор ҳокимони худкомаи вилоятҳо барои худмухторӣ боиси суст гардидани ҳокимияти марказӣ ва шиддат гирифтани ихтилофоти берунӣ ва дохилӣ гардид; фаъолияти зиддимиллӣ ва иғвогароёнаи баъзе гурӯҳҳои рӯҳониён дар роҳи пешгирӣ намудан ва куфр донистани талошҳои мардум барои ҳимояи истиқлолияти миллӣ суқути давлати Сомониёнро ногузир гардонд; сабаби дигари фурӯпошии давлат шиддат гирифтани фишори қувваҳои беруна дар шароити буҳрони сиёсии дохилӣ буд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шакл-гирии тафаккури исломи сиёсӣ замина муҳайё сохт ва тадриҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонд. Ин ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок мекард, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбинии дигарро эътироф надошт. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маълум аст, ки дар доираи тафаккури танги динӣ фаро гирифтани равандҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда наметавонад. Баръакс, чунин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонд.

Бояд донист, ки дар солҳои 1992 – 1997 ҳар чизе, ки шуданӣ буд, шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусаллаҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда” (creative minority) пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба инчунин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин гуна ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад.

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Сарвари тавонои ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти Илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди кишвари озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли санаҳои фархунда – Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ чӣ гуна андак-андак ба решаи ташналаби шоҳбулути давлатдории навини тоҷикон оби ҳаёт зам мегардад. Насли куҳансолу миёнасол ва ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият хуб дар хотир доранд ва шоҳиди ҳол ҳастанд, ки даҳаи охири асри сипаришуда абри сиёҳи нооромӣ болои шаҳру деҳоти замини биҳиштосои ҷумҳурии мо фақат борони яъсу навмедӣ, сӯхтору вайронӣ, ғаму андуҳ, қаҳтию гуруснагӣ ва аз ҳама бадтар нобоварии фарогир ба фардоро меборид. Аслан дар замири мардум умеди имконпазир будани аз зулмат ба нур ва аз торикӣ ба равшанӣ расидан намонда буд. Ҳамин ҳолати равонии шаҳрвандони кишварро дар он солҳо шоири зиндаёд Ашӯр Сафар бисёр барҷаста баён кардааст:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард.

Ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон расонд. Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин, тасдиқи дигарбораи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйироти ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс, миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Оре, равшанӣ падид омад, тағйироти гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншооти бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ, муаррифии имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи неку дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ камари ҳиммат бастанд. Тӯли ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва гирифторӣ ба банду бало раҳоӣ бахшид. Ҳоло мо дар марҳалае кору зиндагӣ мекунем, ки барои ҳар шаҳрванди хурду калон ва пиру ҷавон, вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари кишвари азизамон дастовардҳои фаъолияти худро дар мизони ақлу мантиқ тарҳрезӣ кардан ва нақшаи корҳои созандагию ободониро барои истиқболи сазовори Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намудан ба ҳукми андешаи ҳувиятсоз ва ваҳдатофарин табдил ёфтааст. Агар тафовути байни дирӯзу имрӯзро муқоиса кунем, пас ба қавли Саъдии бузург возеҳу равшан мешавад, ки «дар миёни ҳар ду фарқе ҳаст нек».

Ба назари мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбахши сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад:

1. Ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд.

2. Ҷамъбасти фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои муаззами миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хидмати ҳарбии неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Офиридгор карданро дар шахсияти он кас гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Сарвари давлат на танҳо тавонистанд, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар сарҷамъ намоянд, балки аз байни неруҳои мухолифин ақаллияти конструктивиро пайдо карда, онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намоянд.

3. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо низ барои таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат сахт мусоидат кард. Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хешро осон гардонд, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи қавианосири «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»-ро устувор кард. Ҳамакнун, 25 сол мешавад, ки миллати тоҷик дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият ва рушду пешрафт мекунад. Ва бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992 – 1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро тани танҳо ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр сабақомӯзи таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби сиёсию ҳарбии минтака ва ҷахон такя ба таҷрибаи сулҳ ва консепсияи мукаммали ваҳдатофаринии худ мардуми мехнаткарини кишварро атрофи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муттахид намудааст.

Ҳамчунин, бояд ба эътибор гирифт, ки неруҳои размандаи ваҳдатзудо ва миллатбадбин тобиши сиёсӣ додани масъалаҳои ичтимоию сиёсиро аз мавқеи манфиатҷӯӣ бо хар роху восита сӯиистифода менамояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои давлатдории миллӣ аз фитнаи ноҷавонмардонаи неруҳои мухолифин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои иғвоангез овоз баланд кунанд ва воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд. Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки таъмини бомароми стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ҳеҷ гуна қувват, ҳатто бемории сироятии фарогир ҳам садди роҳи расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб нахоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат вобаста ба ин мушкилӣ раҳнамоиҳои умедбахш баён намуданд: «Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем».

Хайрулло МИРЗАМОНЗОДА,

муовини ректор оид ба равобити

байналмилалии ДМТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Фарҳод РОЗИҚОВ,

дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ