КӮДАКОН ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТАНД

358

Таҳти ин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон (1 июн) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар оғоз дар саҳни толори асосӣ дастовардҳои хонандагони литсейи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд ва ҳайати роҳбарикунанда аз намоиши дастовардҳо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои корҳои дастии хонандагон боздид карданд.

Сипас муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Мирзамонзода Х.М., дотсенти факултети ҳуқуқшиносӣ Ш.Искандаров ва мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, дотсент Ҳ. Саидов дар робита ба ҷанбаҳои ҳуқуқию байналмилалии Рӯзи байналмилалии муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон, инчунин, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Чеҳраи гарми хонандагон, ҷидду ҷаҳди омӯзгорон ва пешравиҳои литсей шаҳодати эътимоди комил, садокати бепоён доштан ба роҳбари хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки амали намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» дар кишвар дар сатҳи лозимӣ роҳандозӣ шудааст ва месазад, ки мо сафи кӯдакону ҷавонони бомаърифату ватандӯст, садоқатманду болаёқатро зиёд намуда, Тоҷикистони азизи худро дар ҷаҳон бо маърифати волои инсонӣ муаррифӣ намоем.