Кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна

2286

Хоҷаев Меҳровар Пардалиевич
номзади илмҳои таърих, дотсент мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ соли 1967 дар заминаи кафедраи таърихи умумӣ таъсис ёфтааст. Нахустмудири кафедра профессор А. Ҷалилов буда, то соли 2004-ум ин вазифаро иҷро кардааст. Солҳои 2004-2009-ум вазифаи мудирии кафедраро н.и.т., дотсент С. Муллоҷонов ба уҳда дошт. Солҳои 2009-2015 вазифаи мудирии кафедраро н.и.т., дотсент Р.Я. Шарифов ба ӯҳда дошт. Солњои 2016-2017 роҳбарии кафедраро н.и.т., дотсент Н. Наҷотова ба уҳда дошт. Аз соли 2018 то ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.т., дотсент Хоҷаев Меҳровар ба ўҳда дорад.
Дар кафедра академик Ю.Яқубов профессорон А. Қушматов, Р.Маҳмадшоев, Р.Я. Шарифов, дотсентон Т.Зиёзода, С.Муллоҷонов, Н.Наҷотова, Ҷ.Асрориён, С.Асоев, М. Хољаев 2 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистентон фаъолият доранд. Устодони кафедра аз руйи мавзӯъҳои хоси илмӣ-тадқиқотӣ, ки ба давраҳои антиқа ва асрҳои миёна мутааллиқ мебошанд, кор мебаранд. Дар оғози соли таҳсил ҳар сол аз ҳисоби донишҷӯёни хоҳишманди курси 3-юми ихтисоси таърих, гурӯҳи тахассусии иборат аз 15 то 20 нафар таъсис дода шуда, баъдан, то анҷоми курси 5-ум зери роҳбарии устодони кафедра корҳои курсӣ ва дипломӣ менависанд. Ҳамзамон дар маҳфилҳою конфронсҳои илмӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Донишҷӯёни факултети таърих ҳамчунин аъзои маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Гунди Шопур» мебошанд, ки дар назди кафедра фаъолият дорад. Азбаски аз ҷониби устодони кафедра фанҳои бостоншиносӣ (археология) ва мардумшиносӣ (этнография) дарс гуфта мешавад, лабораторияи илмӣ-тадқиқотии бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ низ мавҷуд аст. Донишҷӯёни курси аввали ихтисосҳои таърих ва кишваршиносӣ баъди супоридани сессияи санҷишу имтиҳонии тобистона дар мамнӯъгоҳи шаҳри Ҳисор ва дигар нукоти кишвар таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.
Аз соли 2006 то 2011 дар назди кафедра ихтисоси таъриху кишваршиносӣ амал мекард, ки ба донишҷӯён устодони варзида ба мисли Асрориён Ҷ., Азизов М., Мирзоалиев И., Асоев С., Шоинбеков Ф., ва дигарон дарс мегуфтанд. Инчунин соли 2011 дар назди кафедра ихтисоси таъриху бостоншинос кушода шуд, ки дар тарбияи бостоншиноси ҷавон нақши муҳим дорад. Барои таҷрибаомӯзии бостоншиносони ҷавон «Маркази таълимӣ-истеҳсолтии бостоншиносӣ» дар ноҳияи Фархор таъсис дода шуд. Инчунин иштирок дар экспедитсияҳои ковишҳои байналхалқии бостоншиносӣ дар назар дошта шудааст. Устодони кафедра масъуланд, ки бостоншиносони соҳибкасбро барои кишвар тарбия намоянд.
Устодони кафедра профессорон Қушматов А., Маҳмадшоев Р., Шарифов Р., дотсетон Муллоҷонов С., Т.Зиёзода., Наҷотова Н., С.Асоев ва ассистентон ва М. Азизов ба навиштани китобҳои дарсӣ машғул мебошанд. Дар соли 2010 аз ҷониби устодони кафедра китобҳои дарсии «Таърихи асрҳои миёна» (муаллиф Ҷалилов А.), «Таърихи дин» (муаллиф Ғоибов Ғ.) ва «Таърихи Осиё ва Африқо дар асрҳои миёна» (муаллиф Шарифов Р.Я.) «Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ» (муаллифон: Шарифов Р.Я., Асоев С.) таълиф гардиданд. Кафедра бо як қатор марказҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон, Институти шарқшиносии АИ ФР, Донишгоҳи Кобули ҶИА, Институтии забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор маҷаллаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва ВАО ҳамкории зич дорад.
Умед дорем, ки кафедра саҳми дар солҳои оянда дар рушди нумӯи илм ва омода кардани мутахассисон бештар хоҳад гашт.

Юсуфшоҳ Яқубов

Академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Маҳмадшоев Раҳматшо

доктори илми таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Ќушматов Абдувалї

доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Шарифов Рањмоналї Ятимович

доктори илмҳои таърих, профессори  кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Таваралӣ Нозимпур  Зиёзода

доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Муллољонов Сайфулло Кучакович

доктори илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Наҳотова Нигина Баротовна

номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим асрҳои миёна ва  бостоншиносӣ

Ҷонибек Одилпури Асрориён

номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим асрҳои миёна ва  бостоншиносӣ

Азизов Музаффар Давлатович

Муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Асоев Сабзаалї Убайдович
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Мирзоалиев Изатулло Ҳайталиевич

муаллими калони  кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Шоинбеков Фирўз Нағзибекович

ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ

Муродов Назирмат Сафарович

ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ