Мудири кафедра
номзади илми физика-математика, дотсент,
Истамов Ф.
Кафедраи услуби таълими физика соли 1966 ташкил шудааст. Нахустин мудири ин кафедра дотсент Қодиров Т. (1966-1976) буд. Аз соли 1976 то соли 1987 кафедраро дотсент Ҷамолов М. сарварӣ намудааст. Солҳои 1987-1992 ин вазифаро дотсент Муҳаммадиева А. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1992 – 2009 ин вазифаро дотсент Ҳамзаев Б., аз соли 2009 – 2011 дотсент Дустов И, соли 2011-2012 дотсент Раҷабов Т. иҷро намуданд. Аз соли 2012 то ҳол дотсент Нарзуллоев Н. вазифаи мудири кафедраро иҷро карда истодааст.
Дар ибтидои кори худ дар кафедра ҳамагӣ 8 нафар муаллим кор мекард, ки аз ҷумлаи онҳо танҳо 1 нафар номзади илм буд. Ҳоло дар кафедра 1 профессор, 3 номзади илм ва 6 муаллими беунвон адои хизмат менамоянд. Дар кафедра 4 лабораторияи таълимӣ амал мекунад, ки бо таҷҳизоти замонавии физикӣ таъмин мебошанд.
Самти асосии корҳои илмӣ-методии кафедра тадқиқи масоили зеринро дар бар мегирад: такмили таҷрибаҳои физикаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, тадқиқи пайдоиш ва ташаккули илми физика дар ДДМТ ва АИ ҶТ, истифодаи техникаи ҳисоббарор дар рафти таълим, коркарди усулҳои самараноки ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ. Солҳои охир дар кафедра ду номзади илми педагогӣ (Қодиров Қ. ва Олимов И.И.) тайёр карда шуда, шаш нафар (Қурбонхолов Т.Т., Султонов С., Насимова Ҷ., Қудусова С. ва Аловиддинов А.) дар арафаи пешниҳоди рисолаи номзадӣ мебошанд. Устодони кафедра зиёда аз 260 номгӯи мақолаҳои илмӣ – методӣ, 18 воситаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ тайёр кардаанд. Муаллимони кафедра дар чор факултети донишгоҳ аз фанни физикаи умумӣ, услуби таълими физика, курсҳои соҳавӣ дарс гуфта, корҳои курсӣ ва таҷрибаомузии донишҷӯёнро роҳбарӣ мекунанд.
Кафедра бо мактабҳои маълумоти умумии навоҳии гуногуни Тоҷикистон, хусусан шаҳри Душанбе, ҳамкории илмию методӣ дорад. Собиқ устодони кафедра Ҷамолов М. ва Селитсер С.И. ва дигар устодони кафедра дар ташкил ва гузаронидани олимпиадаи ҷумҳурии мактабиён таи 30 сол инҷониб саҳми арзандаи худро мегузоштанд ва мегузоранд. Хизматҳои шоёни муаллимони кафедра Ҷамолов М., Селитсер С.И., Махкамбоев Ҷ., Авазов Ю., Муҳаммадиева А., Ҳамзаев Б. бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои шӯъбаи Сибирии АИ СССР ва Вазорати маорифи ҶТ қадр шудаанд. Дотсентон Муҳаммадиева А. ва Авазов Ю. сазовори унвони «Ходими шоистаи Ҷумҳурӣ» гардиданд.
Олимони кафедра бо кафедраҳои УТФ- и донишгоҳҳои педагогии шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, ба номи С. Айнии ш. Душанбе, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, АИ ҶТ ҳамкории зич доранд.