КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛИРО ДАР МАВЗУИ «РАҚАМИКУНОНИИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ: ҶАНБАЪҲОИ ТАШКИЛӢ-ИҚТИСОДӢ»

48

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идора, санаи 21-уми феврали соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию амалиро дар мавзуи «Рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ: ҷанбаъҳои ташкилӣ-иқтисодӣ» баргузор менамояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

  1. Равандҳои трансформатсионии рақамикунонии иқтисодиёт дар ҳошияи ҳадафҳои олии кишвар.
  2. Уфуқҳои муосири рақамикунонии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ.
  3. Тамоюлҳои муосири рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.
  4. Рақамикунонӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ.
  5. Мутобиқгардонии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар иқтисодиёти рақамӣ.
  6. Рушди устувори иқтисодӣ, иқтисодиёти сабз, кишоварзии органикӣ ва таъмини самаранокии захираҳои табиӣ.
  7. Ташаккули технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди рақамикунонии идоракунии давлатӣ.
  8. Такмили муносибатҳои рақамии сохторӣ ва функсионалии ҳокимияти давлатӣ.
  9. Таҳияи платформаҳои рақамӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ.
  10. Саноатикунонии рақамӣ: мушкилот ва афзалиятҳо.

Талабот нисбати маърӯзаҳои барои чоп пешниҳодшаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;

– сатри якум – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маърӯза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 10);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забони маърӯзаи пешниҳодшуда);

Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 25 январи соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърӯзаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводи конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои № 9, факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 881 08 66 08; +992 907 22 26 90. Почтаи электронӣ: 0609.ru@mail.ru