КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР»

30

Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 5-уми декабри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва проблемаҳои замони муосир» баргузор намояд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  • нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар таҳкими ҳуқуқи инсон;
  • ҳуқуқи инсон дар таърихи афкори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;
  • сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
  • механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамои онҳо;
  • ҳимояи категорияи алоҳидаи одамон: ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, занон, кӯдакон, шахсони маъюб, гурезагон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғ.
  • нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқи инсон;
  • ҳуқуқи инсон дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ;
  • нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини ҳуқуқи инсон;
  • нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон;
  • таҳдидҳои замони муосир ва ҳуқуқи инсон дар асри ХХI;
  • проблемаҳои муҳимми ҳуқуқи байналмилалии инсондустӣ;
  • ҷаҳонишавӣ ва масъалаи риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон;
  • ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
  • фарҳанги ҳуқуқи инсон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ.

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД

Мақола ва ё фишурда (тезис) ба кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар шакли электронӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) пешниҳод карда мешавад.

Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф(он) бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) замима шаванд.

Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.

Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. Doc

Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва магистрон) бошад.

Ҳаҷми фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 саҳифа бошад.

Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.

Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.

Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қисми болоии матн оварда мешаванд, масалан: Ҳамчуноне ки аз ҷониби Ф.М. Шоев ишора гардидааст, «чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…»1.

Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода мешавад.

Дар дохилӣ матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.

Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.

Барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матн (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.

Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир аст. Хароҷоти роҳ, истиқомат ва хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи иштироккунанда ё ҷониби равонкунанда мебошад. Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.

Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ.

Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед.

Ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНС) бояд дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд.

Барои иштирок дар кори конференсия то 10 ноябри соли 2025 дархост (замимаи 1) ва шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола (замимаи 2) қабул карда мешаванд.

Дархосте, ки баъд аз 10 ноябри соли 2025 ирсол карда мешавад баррасӣ намегардад.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда нашудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводҳое, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 10 ноябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳалаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Телефон: +992 908 48 38 69, Почтаи электронӣ: isfand_1986@mail.ru