КОНСТИТУТСИЯ – ОЛИТАРИН САНАДИ ҲУҚУҚИИ МАМЛАКАТ

147

Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бахши кор бо духтарону занони Донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия  кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина, кормандони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ мизи мудаввар доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н. оғоз гардида, мавсуф иброз намуд, ки қабули санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.

Дар идома муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина, иброз намуд, ки 30-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.

Зимнан, устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Имомов Ҳ., ва донишҷӯи факултети мазкур Ҳасанова М. баромад намуда, зикр гардид, ки Конститутсия ҳамчун олитарин санади сиёсию ҳуқуқии мамлакат барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард.