КОРМАНДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ АЗ ОСОРХОНА

408

Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. имрӯз (6.04.2022) гурӯҳи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз ҷумла донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд. Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Пешвои миллат зимни ташрифи Президенти кишвар ба донишгоҳ ва кушодани биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Меҳмонон таъсиси чунин осорхонаро дар замони ҷаҳонишавӣ саривақтӣ ва зарурӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми хосса ба корномаи Пешвои муаззами миллат дониста, ба Раёсати Донишгохи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.