КУМАКҲОИ МОДДИЮ МАВОДИ ХӮРОКВОРӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ҲИСОР

293

        Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.
     Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли ҳамчун кори хайру савоб дасти кумак ва гамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар идомаи ин иқдомҳо, имрӯз (28.12.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони сохторҳои мухталифи донишгоҳ дар арафаи соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ташриф оварда, ба онҳо кумакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрока ва дастгоҳи замонавии хӯрокпазӣ ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ ба ин сиёсат пайваста бо ҳиммату масъулияти баланд дар остонаи ҳар як ҷашну маросим дар ин самт саховату мурувват нишон медиҳад.