КУРСИ ОМӮЗИШӢ БО ПРОФЕССОР ЭНРИККО БЕНАССИ

259

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва табодули устодон, кормандон ва донишҷӯён тамоми шароитро фароҳам сохтааст. Ҳамин аст, ки дар доираи талаботи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 оид ба амали гардони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, эълон намудани солҳои 2020-204 имрӯз (03.09.2024) профессори Донишгоҳи Оклахоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Энрико Бенасси ба Донишгоҳ ташриф оварда, ба омӯзгорон, магистрон ва докторони Ph.D-ии факултетҳои химияву физика курси омӯзишӣ (тренинг) гузаронид.

Профессор Энрико Бенасси дар Донишгоҳи Модена ва Реджо Эмилияи Италия дар риштаи химияи физикии назариявӣ, квантӣ ва физикаи химиявӣ рисолаҳои илмӣ анҷом дода, ҳамчун олими пуркор ва дорои тадқиқоти бунёдӣ дар илмҳои дақиқ шинохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ташкили чунин курсҳои омӯзишӣ баҳри такмил додани донишҳои назариявию амалии мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.