Аз 4-ум то 20-уми январи соли ҷорӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ: «Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин курс омӯзгорон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби диплом гардиданд. Дипломҳоро ба иштирокчиён сардори шуъбаи таълим ва корҳои махсуси донишкада Солеҳзода Г.Д. ва мудири кафедраи хуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ д.и.ҳ., профессор Сангинов Д. Ш. супориданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории ин гуна курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.