Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) асосан барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва ё кор меоянд ва ба омӯхтани забони тоҷикӣ ниёз пайдо менамоянд, таъсис дода шуда, барои шаҳрвандони Тоҷикистон бошад барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, форсӣ дар асоси қарордоди тарафайн низ хизмат менамояд. Дар МОЗ шунавандаи хориҷӣ аз кишварҳои Корея, Чин, Афғонистон, ИМА, Австралия, Қазоқистон, Покистон, Давлати Қатар, Арабистони Саъудӣ, Ирландия Шведсия, Чехия ва Словакия барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар соли 2019 шумораи шанвандагони МОЗ ба 23 нафар мерасид, ки барои омӯхтани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ фарогирифта шуда буданд. Нафароне, ки имтиҳони хатмкуниро месупоранд, соҳиби гувоҳнома (сертификат) мегарданд.
Домой Маркази омӯзиши забонҳо