Маркази тестӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таҳсилоти фосилавӣ

Маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти №217-6 аз 06.06.2018 сол дар заминаи маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси низомнома, дастурҳои вазифавӣ ба роҳ мондааст. Дар назди Марказ шуъбаи бақайдгирӣ ва омор, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, бахши назорати воситаҳои системавӣ ва ташхиси техникӣ, бахши таҳияи барномаҳои компютерӣ, бахши назорати шабакаҳои компютерӣ ва бахши назорати синфхонаҳои компютерӣ амал мекунад. Марказ бо бинои наву замонавӣ таъмин гардида, кабинетҳои корӣ бо таҷҳизотҳои навтарин муҷаҳҳазонида шудаанд. Дар воҳидҳои штатии Марказ мутахассисони баландихтисос ва ботаҷриба ҷалб карда шудаанд, ки барои таъмини моддӣ-техникии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, алалхусус мутахассисони соҳаи техникӣ ва технологияи компютерӣ саҳм мегузоранд.