Маркази русии ДМТ 10 июни соли 2010 дар асоси созишнома аз ҷониби созмони ғайритиҷоратии «Русский мир», ки он бо Фармони Президенти Федератсияи Россия таҳти № 796 аз 21 июни соли 2007 таъсис ёфтааст, бо мақсади рушд бахшидани забон ва адабиёти рус ташкил шудааст.
Маркази русии ДМТ дар чор самт фаъолият менамояд:
1. Омӯзиши масъалаҳои илму таълим, омӯзиши забон ва фарҳанги рус, ташкили курсҳои бозомӯзии омӯзгорони забон ва адабиёти рус, такмили донишҳои педагогӣ, омӯзиши асарҳои адибони классику муосир.
2. Марказ ҳамчун маркази методологӣ ба муаллимони забон ва адабиёти рус имкон медиҳад, ки маҳорати худро такмил диҳанд, аз усулҳои муосири таълим огоҳ шаванд, маводи зарурии илмию таълимӣ ва оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон иттилоъ гиранд.
3. Ҳамчун як маркази захиравӣ дастрасии миқдори зиёди иттилооти таълимию методӣ ва оммавии илмиро аз Россия таъмин менамояд;
4. Ҳамчун макони баргузории ҳамоишҳо, конференсҳои сатҳи гуногун пешбинӣ шудааст. Марказ бо маводи зерин муҷаҳҳаз карда шудааст:
•адабиёти бадеӣ;
• адабиёти таълимӣ;
• китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
• адабиёти оммавӣ;
• адабиёти кӯдакона;
• китобҳо дар бораи таърих, фалсафа, психология, фарҳанг, санъат, иқтисод, ҳуқуқ ва ғ.;
• луғатҳо, маълумотномаҳо ва энсиклопедияҳо бо забони русӣ;
Барои расонидани кумаки методӣ ба омӯзгорони ҷумҳурӣ Маркази русии ДМТ бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия, нашриётҳои гуногуни илмӣ-таълимӣ ҳамкории зич дорад. Ба воситаи марказ муаллимону устодони донишгоҳҳо ба маводҳои таълимӣ таъмин мегардад ва бо дастовардҳои нави таълими забони русӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, инчунин, бо мутахассисони соҳа машваратҳо ташкил карда метавонанд.
Дар доираи густариши ҳамкориҳо баргузор намудани машваратҳои онлайнӣ, ки баҳри баланд бардоштани малакаи касбии муаллимон ва ҳалли мушкилиҳои донишҷӯён ҳангоми омӯзиши забони русӣ мусоидат менамояд, пешбинӣ шудааст.
Суроға: шаҳри Душанбе, ДМТ, Буни Ҳисорак, бинои №10, ошёнаи 1, Маркази руси. Соатҳои корӣ: Душанбе-шанбе
Рақами телефон: (+992) 915146877 (+992) 918723462
Email: tnurus@mail.ru ;
Роҳбари Маркази руси – доктори илмҳои филология, профессор Нағзибекова Меҳриниссо Бозоровна.