МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ИҚТИСОДӢ

412

Имрӯз дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи сеюми байналмилалии илмӣ-амалии маҷозӣ «Таъмини рушди устувор дар шароити кишоварзӣ, энергетика, экология ва илмҳои Замин” баргузор гардид.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳудуди зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил мекунад ва соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои даромадноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Омӯзиши самти мазкур ва таҳия намудани мақолаҳои илмӣ дар робита ба амнияти озуқаворӣ, масоили экологӣ, тағирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт талаботи замон мебошанд.

Дар ҷараёни конференсияи маҷозӣ намояндагони сохторҳои илмию таълии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Узбекистан, Қазокистон, Арманистон ва Белорус низ иштирок ва дар робита ба мавзӯи ҳамоиш суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки маводи конференси  мазкур дар маҷаллаҳои тақризшавандаи байналмилалӣ (Scopus ва Web of Science)  нашр хоҳад шуд.