МАШВАРАТҲОИ СУДМАНД ДАР САМТИ ТАКМИЛИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚӢ

219

Ҳадаф аз ташрифи директори идоракунии департаменти мурофиаи судии Маркази байналмилалии молиявии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Алмат Игенбаев ба  Донишгоҳи миллӣ ва мулоқоти ӯ бо намояндагони Донишгоҳ густариш бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми таълим ва раванди забономӯзӣ дар ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ табодули афкор намуданд.

Дар зимн ҳуқуқшиноси маркази мазкур Филипп Никитенко бо донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар робита ба фаъолияти маркази мазкур ва зарурияти ҷалби ҷавонон ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал дод.

Гуфта  шуд, ки маркази байналмилалии мазкур сохтори мустақил буда, масъалаҳои мурофиаи судиро бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар самти такмили донишҳои ҳуқуқӣ машваратҳои судмандро ташкил менамояд.