МАШВАРАТИ АЪЗОИ ШУРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ДМТ

155

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои байналмилалӣ аъзоёни Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Тибқи нақшаи таҳиягашта баргузории суҳбату мулоқотҳои расмӣ ва вохӯриҳои судманд бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳандозӣ гардид. Дар робита ба ин, имрӯз (18.09.2024) аъзои Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия – сардори Раёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Белорус Грейбо Игор Светозарович ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуданд.

Меҳмони олиқадрро ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ва муовини сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сафарзода Қутбиддин ҳамроҳӣ намуда, қабл аз мулоқот бо дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони Донишгоҳ, ки ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд.

Сипас дар толори калони Донишгоҳ сардори Раёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Белорус Грейбо Игор Светозарович дар мавзуи «Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Белорус» маърӯза намуд.

Зимнан таъкид дошт, ки дар Ҷумҳурии Белорус баҳри пешгирӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Раёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Белорус фаъолият доранд. Дар ин самт санадҳое қабул шудааст, ки маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо равона шудаанд.

Таъкид шуд, ки коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа эҷод намуда, намегузорад маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намояд.

“Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона буда, барои решакан намудани он тамоми ҷомеа бояд бетараф набошад” – афзуд Грейбо Игор Светозарович.

Дар интиҳо ректори Донишгоҳ ба меҳмони арҷманд ҳамчун рамзи дӯстӣ Сипсонома ва туҳфаи хотиравӣ супорид.

Ёдрас мешавем, ки мулоқоти мазкур баҳри амалӣ гардидани татбирҳо дар самти эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ судманд мебошад.