МАВЗӮИ БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

453

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ имрӯз (24.02.2022) миёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи молияи Федератсияи Русия дар робита ба мавзӯи баҳисобгирии идоракунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, хусусиятҳои баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ конференсияи байналмилалии онлайнӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита ба муҳиммият ва мушкилоти баҳисобгирии идоракунӣ суханронӣ намуданд.

Зимнан устодони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла Қурбонов А.,  Тоҳирова Р.С., Бухориев С.М., Давлатзода М.Х. дар робита ба мавзӯи мазкур суханронӣ карда, ҷиҳати такмил додани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ табодули афкор намуданд.