МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ДАР ШӮРО

124

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ як зумра масъалаҳои илмию таълимӣ ва хоҷагидории донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ағози ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои зумрае аз устодони донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуданд. Ректори донишгоҳ ба адабиётшинос Абдулқодирзода Саидмукаррам ва устоди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология Мирзо Солеҳов “Дипломи докторӣ”, ба зумрае аз устодони донишгоҳ: Тӯраҳасанов Қ.Ш. – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология, Қосимов И.Л. – дотсент, мушовири академии дараҷаи I-уми декани факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус ва Маҷидзода Д. – раиси шӯрои занони донишгоҳ барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” супориданд. Инчунин, ба муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. “Сипоснома” –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ Нодира Мирзоева «Диплом»-и Ниммарафони XI-и байналмилалӣ, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир гардида буд, тақдим шуд.

Дар идомаи ҷаласа гузоришҳои масъулин доир ба фаъолияти бахшҳои гуногуни донишгоҳ шунида шуда, мавриди таҳлил қарор гирифтанд.