МУАРРИФИИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ РУС

280

Бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» доир гардид.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович ва намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва дипломатии ҳарду кишвар ширкат варзиданд. Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонони олиқадрро истиқбол намуда, ба фаъолияти илмию таълимии Маркази русии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз нав мавриди таъмину тармим ва бознигарӣ қарор гирифта аст, ошно намуд. Гуфта шуд, ки Марказ дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 4 апрели соли 2003 “Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ” ва қарордоди ДМТ ва Фонди “Русский мир” 10 июни соли 2010 дар ДМТ “Маркази русӣ” таъсис дода шуд, ки мақсади асосии он ташвиқу тарғиб ва тақвияти барномаи рушди устувори омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Баъдан дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» доир гардид, ки дар ифтитоҳи он ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев С.В., директори иҷроияи Фонди «Русский мир», муҳтарам Кочин В.В., роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, муҳтарам Иванов И.С. дар робита ба ҳамкориҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Русия суханронӣ намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992 барқарор шудааст. Русия яке аз аввалинҳо шуда истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард. Дар заминаи муносибатҳои дӯстона ташкили марказҳои омӯзишию таълимӣ ва рушди муносибатҳои илмию таълимӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд, ки яке аз онҳо баланд бардоштани дараҷаи дониш, маҳорату малака, шиносоӣ бо методҳои таълимии фаъол, маслиҳату машварат барои донишҷӯён ва омӯзгорони забон ва адабиёти рус мебошад.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки гузаронидани озмунҳо, фестивалҳо, мастер-классҳо, намоиши китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва чорабиниҳои илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва талабагон бо ҷалби зиёиён аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки дар заминаи Маркази русии назди донишгоҳ ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар чараёни суханрониҳо оид ба ҳамкории байналхалқӣ бо мактабҳои олӣ, академияи илмҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Русия барои амалӣ гардонидани самтҳои асосии илмӣ- тадқиқотӣ, маданию маърифатӣ ва донишандӯзии ҷомеа андешаҳои ҷолиб сурат гирифт.

Дар ҷараёни Фестивал ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба муҳтарам сафир туҳфаи хотиравӣ ва аз ҷониби роҳбарияти Фонди “Русский мир” ба ректори ДМТ Нишони сарисинагӣ ба муносибати рушди ҳамкориҳои дуҷониба тақдим шуданд.

Дар идомаи Фестивал барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ бо ҷалби донишҷӯёни факултети филологияи рус доир гардид, ки барнома аз қироати шеърҳо ва суруду таронаҳои дилнишин иборат буд.