МУЛОҚОТИ ФАЙЗАЛӢ ИДИЗОДА БО ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АГЕНТИИ МУСТАҚИЛИ АККРЕДИТАТСИЯ ВА РЕЙТИНГ (НААР, IAAR)

11

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР, IAAR) мулоқот намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР, IAAR) бо сафари корӣ дар кишварамон қарор доранд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ 11 ихтисоси ДМТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.

Дар ҳошияи сафари корӣ ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР, IAAR) ба бинои Парламент ташриф оварданд.

Зимни мулоқот Ф. Идизода бо меҳмонон доир ба таърих, рушди парламентаризми тоҷик, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон сухан ронда, зикр намуд ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ ва мактаби парламентаризм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро, маҳз бо ҷаҳду талошҳои Пешвои азизу муътабари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуда, пайваста рушд менамояд.

Имрӯз Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 80 парламентҳои кишварҳои олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентиро ба роҳ мондааст. Дар чоҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ЮНЕСКО, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳодияи байнипарламентӣ, САҲА ва ғайра бо парламентҳои ин кишварҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

Баъд аз анҷоми мулоқот ҳайати меҳмонон аз толорҳои барҳавои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд.