МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН

425

Имрӯз (26.05.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон вохӯрии намояндаи сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе (муовини роҳбари намояндагӣ) Томонори Хасегава бо устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Томонори Хасегава дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон дар мисоли соҳаи илму маориф, таърих, тамаддун, урфу одат сухан намуда, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд дар самти омӯзиши забони ҷопонӣ, курсҳои забономӯзӣ, коромӯзии мутахассисон, омода намудани мутахассисон дар самтҳои гуногуни илму техника ва баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо сохторҳои илмию таълимии Ҷопон изҳори хушнудӣ намуд. Гуфта шуд, ки ташкили чунин нишасту вохӯриҳо барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меовард.

Дар идомаи мулоқот оид ба масъалаҳои гуногуни равобити байналмилалии Ҷопону Тоҷикистон саволу ҷавоб миёни донишҷӯён сурат гирифт.