ДАР ДМТ ЧОРАБИНИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТИИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОЛИМОНИ ОЯНДА» ОҒОЗ ГАРДИД

11

Дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва илмпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи илм, таҳкими иқтидори илмии кишвар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии академӣ, аз 21 то 25 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Олимони оянда» баргузор мегарданд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин, роҳандозӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар равона шудааст.

Дар доираи чорабиниҳо олимони маъруф ва соҳибтаҷрибаи Федератсияи Русия аз рӯйи самтҳои гуногуни илм, аз ҷумла тиб, биология, математика, астрономия, таърих, филология, педагогика ва зеҳни сунъӣ, барои донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон, аспирантон, докторантон ва дигар намояндагони ҷомеаи илмӣ лексияҳои илмӣ, мастер-классҳо ва машғулиятҳои интерактивӣ баргузор менамоянд.

Баргузории чунин чорабиниҳо барои ошноӣ бо дастовардҳои муосири илм, табодули таҷрибаи илмӣ ва педагогӣ, рушди тафаккури эҷодиву таҳлилӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия – доктори илмҳои химия, профессор Сафармамад Сафармамадзода таъкид дошт, ки баргузории чорабиниҳои илмӣ-маърифатии сатҳи байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона ва илмпарваронаи давлат буда, дар таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҷавонон ва рушди минбаъдаи илми тоҷик нақши муассир хоҳад гузошт.

Ин иқдом қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои илмӣ ва академии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва маориф мусоидат хоҳад кард.