Муовини ректор оид ба тарбия

Муовини ректор оид ба тарбия

ИМОМОВА Нилуфар

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Имомова Нилуфар 14-уми декабри соли 1983  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2001 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006  бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Имомова Нилуфар солҳои 2006-2008 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои  2012 — 2015  котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, солҳои 2015-2017 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, солҳои 2017-2023 мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳамзамон, профессори кафедраи мазкури факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Аз 1-уми майи соли 2023 дар мувофиқа бо муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ таъйин гардид.

Муаллима Н. Имомзода соли 2015 дар мавзӯи «Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ҳамчун чораи ҷавобгарӣ дар қонуни оилаи ҶТ» рисолаи номзадӣ ва соли 2022 дар мавзӯи «Усули ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ» рисолаи докторӣ дифоъ карда, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад. Номбурда дар баробари таълиму тарбияи насли ҷавон, инчунин, ба омода намудани муҳаққиқони риштаи ҳуқуқшиносӣ машғул шуда, дар баробари ин, иштирокчии чандин чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – мавқеи зан дар ҷомеа мебошад.

Натиҷаи фаъолияти илмию эҷодии Н. Имомзода дар зиёда аз 50 мақолаи илмию омавӣ ва фишурдаи мақола, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои курсҳои тахассусӣ ва умумӣ инъикос гардидааст. Муаллифи китобҳои гуногуни илмию таълимӣ, аз ҷумла «Ҳуқуқи оилавӣ», «Ҳуқуқи байналхалқӣ» ва «Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ» мебошад.

         Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.