Имрӯз дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.
Дар суҳбатҳо маълум шуд, ки муроҷиаткунандагон дар мавриди таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ, таҳсил дар зинаи магистратура, масъалаи интиқолу барқарор аризаву пешниҳод доштанд. Зимнан гуфта шуд, ки донишгоҳ барои муҳассилин тамоми шароитро фароҳам овардаст ва раёсат омодааст, ки ҳамаи муроҷиатҳоро дар доираи қонунҳои амалкунанда дастгирӣ намояд.