МУСОБИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

12

Санаи 24 ва 25 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ озмуни байналмилалии “Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ” барои омӯзгорони маҳаллии минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2025 бо тантана баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Раҷабзода Фаридун, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуо Ҷэҷун, инчунин намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ зиёда аз 300 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Китобхонаи миллӣ, раиси Палатаи савдои ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон, директорони Донишкадаҳои Конфутсии минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳар ду кишвар ҳузур доштанд ва шоҳиди ин рӯйдоди бузурги байналмилалӣ дар соҳаи таълимоти забони чинӣ гардиданд.

Мусобиқаи навбатӣ дар мавзуи «Омӯзиши ҳамгиро – роҳнамоии хирадмандона» баргузор гардид. Пас аз марҳилаи интихобӣ, 11 нафар омӯзгорони барҷастаи маҳаллии забони чинӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, онҳо маҳорат ва истеъдоди омӯзгории худро бо истифода аз усулҳои баландихтисоси таълимӣ ва тарҳрезии эҷодии дарсҳо, дастовардҳои назаррас ва рӯҳияи пурнерӯи рушди таълимоти байналмилалии забони чинӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври ҷолиб ба намоиш гузоштанд.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа дар бинои намунавии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ баргузор гардид. Дар оғоз, дастаи ҳунарии Донишкадаи Конфутсий бо иҷрои маҷмӯи оҳангҳои машҳури чинӣ ва тоҷикӣ, ҳамроҳ бо рақсҳои шавқовари анъанавии тоҷикӣ, фазои пур аз ҳамгироии фарҳангиро дар толор ба вуҷуд овард. Сипас, навори кутоҳи махсус бо номи “Симои довталабон” намоиш дода шуд, ки дар он фаъолияти омӯзгории забони чинӣ, рушди шахсӣ ва муҳаббати омӯзгорон ба таълимоти байналмилалии забони чинӣ бо шеваи зинда ва ҷолиб инъикос ёфт. Ҳар як лаҳзаи навор пур аз муҳаббат ва талоши беинтиҳои онҳоро ба ин касби пуршараф бозгӯ мекард.

Муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Раҷабзода Фаридун дар суханронии ифтитоҳии худ ҳузури меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаро гарму самимӣ хайрамақдам гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ дар кишвар, ҳамеша барои рушди омӯзиш ва таҳқиқи забони чинӣ талош меварзад ва шоҳиди болоравии таваҷҷӯҳ ба омӯзиши ин забон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Зимнан, қайд гардид ки баргузории чунин мусобиқа қадами муҳиме дар самти рушди босифати таълимоти байналмилалии забони чинӣ ва густариши муколамаи тамаддунҳо ба ҳисоб меравад. Ӯ инчунин нақши омӯзгорони забони чинӣ ҳамчун “пайвандгарони фарҳангҳо” ва “пули дӯстӣ”-ро баланд арзёбӣ намуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Гуо Ҷэҷун дар рафти суханронии хеш изҳор дошт, ки баргузории “Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ” барои омӯзгорони маҳаллии минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври мунтазам баргузор шуда, сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Чин ва кишварҳои минтақа, бахусус дар соҳаи ҳамкориҳои илмӣ ва маорифро инъикос мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамкорӣ ба марҳалаи нави рушди босуръат ворид гардидааст. Сафир таъкид намуд, ки забони чинӣ ҳамчун як забони байналмилалӣ, имрӯз таъсиргузории худро берун аз ҳудуди забон васеъ намуда, ба пули муҳимми пайвасткунандаи фарҳангҳои гуногун ва василаи таҳкими фаҳмиши мутақобила мубаддал шудааст. Ӯ омӯзгорони забони чиниро ҳидоят намуд, ки на танҳо омӯзгорони забон, балки пайвандгарони тамаддунҳо ва қосидони дӯстӣ бошанд ва нақши муҳимми хешро дар таҳкими робитаҳои мардумон ва амиқ гардондани дӯстиҳои байни кишварҳо бо масъулият иҷро намоянд.

Директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Қирғизистон хонум Ҷия Ҷинфан ҳамчун намояндаи ҳайати ҳакамон суханронӣ намуд. Зимнан, таъкид намуд, ки омӯзгорони маҳаллӣ нерӯи асосии пешбарандаи рушди таълимоти забони чинӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Онҳо ҳам забони чинӣ ва ҳам фарҳанги маҳаллиро хуб медонанд, ки ин бартарии нодир онҳоро ба пули муҳими муколамаи тамаддунҳо табдил медиҳад. Дар анҷом, ӯ аз номи тамоми ҳайати доварон изҳор дошт, ки принсипҳои адолат, шаффофият ва ошкороро қатъиян риоя намуда, бо сатҳи баланди касбӣ ва муносибати ҷиддӣ кори ҳар як иштирокчиро арзёбӣ хоҳанд кард.

Даври ниҳоии мусобиқа аз се қисмат ба монанди муаррифии дарс, намоиши дарс ва посух додан ба саволи ҳакамон иборат буд, ки дар он маҳоратҳои омӯзгории забони чинӣ, савияи касбӣ ва қобилияти байнифарҳангии онҳо пурра арзёбӣ гардид. Дар давоми рақобат, ҳамаи 11 нафар довталабон ба саҳна баромада, бо тарҳрезии бодиққати барномаи дарсӣ, истифодаи технологияҳои мултимедиа, мувофиқкунонӣ бо вазъият, бозиҳои интерактивӣ ва дигар усулҳои фарох ва гуногун, омезиши забон ва унсурҳои фарҳангиро ба тарзи табиӣ таъмин намуданд ва муҳити хос ва самараноки дарсиро ба вуҷуд оварданд. Таваҷҷӯҳ бояд кард, ки иштирокчиён бо истифода аз маъхазҳои таълимии рақамӣ ва интеллектуалӣ, маҳорати идоракунии дарс ва қобилияти эҷодии худро намоиш доданд ва мавзӯи мусобиқа «Омӯзиши ҳамгиро – роҳнамоии хирадмандона»-ро бо тарзи зинда ва пурмазмун ифода карданд.

Баъд аз анҷоми мусобиқа директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи давлатии Ал Фаробии Қазоқистон Дэнг Хонг, ҳамчун намояндаи ҳайати ҳакамон аз раванди иштироки довталабон дар мусобиқа натиҷагирӣ намуд. Ӯ масъалаҳои тарҳрезии дарс, навоварӣ дар усулҳо ва ҳамкорӣ бо донишҷӯён дар синфро баррасӣ намуда, маҳорат ва дониши қавии касбии иштирокчиён ва тамоюли онҳо ба таълим бо диққат ба донишҷӯёнро пурра эътироф кард. Ба хусус бо истифодаи саволгузорӣ бедор кардани тафаккур ва ҳамгироии сарчашмаҳои гуногуни таълимиро эътироф ва ситоиш намуд. Ҳамзамон, директор Дэнг Хонг се пешниҳод барои такмил додани дарсҳоро ироа кард: 1. Тарҳрезии системавии тахтаи синф барои инъикоси равиши фикрронӣ дар дарс; 2. Таъсири визуалии омӯзиши ҳарфҳои чинӣро тақвият додан; 3. Ташкили муҳити воқеии синфхона барои беҳтар кардани амалиёти таълимӣ.

Пас аз рақобат дар давоми ду рӯз, мусобиқаи навбатӣ бо муваффақият анҷом ёфт. Дар маросими пушидашавӣ, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода Сафармамад суханронӣ намуд. Ӯ омӯзгорони иштирокчиро барои дониши қавӣ, малакаҳои касбӣ ва шавқи баланди омӯзишӣ ситоиш намуда, таъкид кард, ки онҳо бо ақл ва меҳр, пули муҳими иртиботи фарҳангиро бунёд кардаанд. Муовини ректор изҳор намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамеша талош хоҳад кард, ки ҳамкориҳои судманди худро бо Чин дар соҳаи маориф тақвият бахшида, ба таҳкими таълимоти байналмилалии забони чинӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намояд ва онро ба сатҳи баландтар ва босифаттар расонад.

Дар маросими ҷоизасупорӣ довталабони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин мусобиқа панҷ ҷоизаи инфиродӣ дода шуд:

“Беҳтарин методи таълимӣ”

“Беҳтарин тарроҳии дарсӣ”

“Беҳтарин эҷодиёти таълимӣ”

“Беҳтарин маводи таълимӣ”

“Беҳтарин маҳорати таълимӣ”

Ҳамчунин, дар доираи ҷоизаҳои умумӣ: 3 ҷои сеюм, 2 ҷои дуюм ва 1 ҷои аввал тақдим гардид.

Дар охир ғолибиятро омӯзгори маҳаллии забони чинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асозода Ҳусайни Нарзулло ба даст овард. Ғолиби озмун ҳангоми суханронӣ, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ, кумитаи тадорукоти чорабинӣ, ҳайати ҳакамон ва омӯзгорону ҳамкасбони хеш барои дастгирии пайваста, самимона изҳори сипосгузорӣ намуд ва таҷрибаи шахсии худро дар омӯзиши забони чинӣ баён кард. Ӯ аз тамоми ҳамкасбони хеш даъват намуд, ки дастаҷамъона талош кунанд ва барои рушди таълимоти байналмилалии забони чинӣ саҳм гузоранд.

“Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ” барои омӯзгорони маҳаллии минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо платформаи намоиш ва мубодилаи таҷрибаро фароҳам овард, балки бо тавассути мусобиқаи малакаҳои омӯзишӣ ва мубодилаи идеяҳои навоварона, ба рушди таълимоти байналмилалии забони чинӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нерӯи нав зам намуд. Бо густариши аҳамияти забони чинӣ дар муколамаи байналмилалӣ, баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи гурӯҳҳои омӯзгорони баландихтисоси забони чинӣ ва таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни Чин ва дигар кишварҳо, минбаъд низ нақши муҳим хоҳад дошт.