НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ДИГАР

246

Дар робита ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати қуқуқӣ” дар сохторҳои гуногуни мамлакат чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Аз ҷумла, имрӯз (28.10.2024) дар толори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар ҳошияи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С.,оғоз гардида, зикр кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад. Гуфта шуд, ки дар давоми 30 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.

Ҳамзамон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи барои мо, шаҳрвандон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро сарчашмаи ҳимояи шаҳрванд маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсия санади олие аст, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад ва кулли қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Конститутсия қабул карда мешаванд.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Манучеҳр Сулаймонзода дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар рушди қонунгузории соҳаи маорифи мамлакат» маърӯза намуда, саҳми қонуни асосии кишвар – Конститутсияро дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Дар охир барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.