НАМОИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

159

Имрӯз (05.06.2024) дар намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист – 5-уми июн доир гардид, устодону кормандони Донишоги миллӣ, аз ҷумла устодони факултети биология иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар намоишгоҳ дастовардҳои Парки технологии Донишгоҳ ва факултети биология пешкаши меҳмонон ва тамошобинон гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз вазъи кунунии муҳити зист ва хатарҳои зиёновари экологии давлати худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд. Чорабинии мазкур баҳри сайқал додани донишҳои биологӣ мусоидат менамояд.