НАМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ШАБАКАВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

456

Рӯзҳои 15-16 сентябри соли 2022 бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Институти шабакавии байналмилалӣ Намоишгоҳ оид ба «Таҳсил ва касб дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблғгузории терроризм» баргузор гардид.

Имрӯз (16.09.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён маросими расмии кушодашавии Намоишгоҳи Институти шабакавии байналмилалӣ оид ба «Таҳсил ва касб дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблғгузории терроризм» ва ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни Институти шабакавии байналмилалӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х., намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ доир ба зарурияти чунин намоишгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки баргузории намоишгоҳи мазкур метавонад барои васеъ намудани фаҳмиши ҷавонон дар бораи амнияти молиявӣ ва таҳсил дар ин самт, баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ва мактаббачагон ба касби бехатарии молиявӣ, ҳалли илмию технологӣ, барномаҳои таълимӣ дар соҳаи КҶ/ТҶМ, таҳкими ҳамкорӣ ва мусоидат ба таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таълимии иштирокчиёни ISI муҳим ва саривақтӣ аст.

Дар намоишгоҳ 11 донишгоҳу марказҳои илмӣ маълумотро дар бораашон манзури тамошобинон гардониданд. Дар маросими кушодашавӣ ва дар тули ду рӯзи фаъолияти Намоишгоҳ зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёну талабагони муассисаҳои миёнаи умумии таҳсилотӣ аз иттилоъ дар бораи донишгоҳу марказҳои гуногуни самти бехатарии молиявӣ баҳра гирифтанд.

Аз тарафи Институти шабакавии байналмилалӣ чунин навъи намоишгоҳ дар дигар давлатҳо баргузор гардида буд. Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи Институти шабакавии байналмилалӣ оид ба «Таҳсил ва касб дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблғгузории терроризм» бори аввал баргузор шуда истодааст, ки ин ҳам бошад дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Намоишгоҳ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, он ба рушди соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мусоидан хоҳад кард.