НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ДОНИШГОҲ

441

Имрӯз (06.05.2023) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизбони чорабинии сатҳи байналмилалӣ буд, ки дар он намояндагони сатҳи воломақоми Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар пояи донишгоҳ бо иштироки намояндагони дипломатии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ зумрае аз сафирони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, аз ҷумла сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Анри Вантигем, сафири Эстония Томас Тирс, сафири Финляндия Илкка Райсянен, сафири Гретсия Катерина Насика, сафири Нидерландия Андрей Карстенс, сафири Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегоро ва ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфта, гуфта шуд, ки ин вохӯрӣ ба сӣ солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 1992 барқарор гардида, бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ва Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Душанбе дар соли 2004 фаъол гардиданд.

Зимнан таъкид шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ду ҳуҷҷати стратегӣ асос меёбанд: Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2004 ба имзо расида, моҳи январи соли 2010 ба қувваи амал даромадааст, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд.

Инчунин, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул гардид, равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки ба мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2019 мукаммал намудани пояи ҳуқуқии муносибатҳоро дар заминаи имзои Созишномаи мукаммали шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо пешниҳод намуд, ки амалисозии он дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо буҷаи махсус барои солҳои муайян қабул мешавад, ба рушди бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.

«Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисерҷонибаи муносиботи ҷонибҳоро пеш мебаранд. Ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсиливу табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд, сурат мегирад» – гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Инчунин, дар вохӯрӣ, ҷаноби Раймундас Кароблис – сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон роҷеъ ба рушди муносибатҳои ҳарду ҷониб – Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон сухан намуда, ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро муҳиму судманд арзёбӣ карданд.

Дар идома зумрае аз намояндагони дипломатии Иттиҳоти Аврупо дар робита ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳо, аз ҷумла имкониятҳои илмию таълимӣ дар Аврупо суханронӣ намуданд. Дар интиҳои вохӯрӣ дар мавзуъҳои мухталиф суолу ҷавоб сурат гирифт. Ёдрас мешавем, ки чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар пояи донишгоҳ санаи тарихиро барои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мемонад.