ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

360

Имрӯз (15.05.2023) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён бахшида ба ҳафтаи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ ва клуби варзишии ДМТ мусобиқаҳои умумидонишгоҳӣ аз рӯйи намудҳои варзиши сабук, аз қабили давидан, волебол ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳо роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ иштирок намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни донишҷӯёни донишгоҳ мебошад. Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо дастаҳо аз ҳисобидонишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ташкил шуда, он то таҷлили Рӯзи ҷавонон идома ёфта, ғолибон ҳавасманд гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба самти варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, донишҷӯён пайваста дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сафарбар гардида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.