ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

256

Имрӯз (10.05.2023) бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён оғоз ёфт.

Дар мусобиқаи мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ иштирок намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни устодону кормандони сохторҳои донишгоҳ мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа дастаҳо аз ҳисоби устодону кормандони факултетҳои донишгоҳ ташкил шуда, он то охири моҳ идома ёфта, ғолибон ҳавасманд гардонида мешаванд.