ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОД ОИД БА ШОҲМОТ

11

Имрӯз (14.11.2025) дар толори хурди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни ҳайати дастаҳои устодону кормандони макотиби олии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” оғоз ёфт.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи мусобиқа раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ Раҷабов Т.Р. меҳмонону иштирокчиёни мусобиқаро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки мусобиқаи мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

Зимнан сардори раёсати тарбияи Донишгоҳ Давлатов М. сухан намуда, афзуд, ки дар Тоҷикистон ба намуди варзиши шоҳмот диққати махсус зоҳир карда мешавад. Зеро шоҳмот хотираи инсонро сайқал дода, онро орому қавӣ мегардонад. Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб мешавад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста шудааст. Варзиш додани тафаккуру зеҳн тавассути бозии шоҳмот дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа дошт.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи шоҳмот ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла байни устодону кормандони макотиби олии шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани маҳорати касбии шоҳмотбозон нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқ нақшаи тастиқгардида мусобиқа аз 14 то 15-уми ноябр доир мегардад. Тибқи тастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳ барои баргузории мусобиқаи мазкур беҳтарин толор ва шароити хуби корию истироҳатӣ барои меҳмонону иштирокчиёни мусобиқа муҳайё гардидааст, ки дар ин ҷода саҳми Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ назаррас мебошад.