ОҒОЗИ СОХТМОНИ ТАВАҚҚУФГОҲ ВА ИСТГОҲИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

212

Имрӯз дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохтмони таваққуфгоҳ ва истгоҳи нақлётӣ (гараж) оғоз гардид. Дар ҷараёни кори сохтмонӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, бо масъулини корҳои сохтмонӣ ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои ободкорӣ суҳбат намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки 31-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ ташриф оварда, Маҷмааи муосири варзишии доннишгоҳро мавриди истифода қарор дод. Дар зимн лоиҳаи бунёди Маркази саломатӣ, таваққуфгоҳ ва хобгоҳи баландошёнаи истиқоматӣ дида шуд.

Инак, баъд аз оғози кори сохтмонӣ дар Маркази саломатӣ, корҳои ободонӣ дар таваққуфгоҳ шуруъ шуд. Тибқи лоиҳа таваққуфгоҳ барои 360 автомашина бо истгоҳи нақлётӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ҳудуди 10000 метри мураббаъ сохта мешавад.

Дар оғози сохтмон ректори донишгоҳ Қ. Хушвахтзода таъкид намуд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Донишгоҳи миллӣ мебошад. Дар ҳақиқат, бунёди чанд иншооти мазкур дар донишгоҳ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд.

Дар назар аст, ки таваққуфгоҳ ва истгоҳи нақлётии мазкур бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар он маркази назорати мушоҳидавӣ ва дигар марказҳои хизматрасонии нақлиётӣ ҷойгир карда мешаванд.