
Бо ибтикори Раёсат ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ”, ки ҳамасола дар саросари кишварҳои ҷаҳон аз санаи 25 ноябр оғоз гардида, то 10 декабр идома меёбад, чорабинии фарҳангиро таҳти унвони “Оила бидуни зуроварӣ” дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии зуроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо андешаронӣ карда шуд.
Қайд карда шуд, ки проблемаи зӯроварӣ дар оила, мушкилоти гуногунҷабҳа буда, барои муборизаи самаранок бояд чораҳои ҳамаҷониба, ба монанди пешгирии зӯроварӣ, ошкор кардани ҷабрдидаҳо ва кумаку муҳофизат, инчунин ҷазо гирифтани гунаҳкорон бояд амалӣ шаванд.

Соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро қабул кард. Бо мақсади рафъи зӯроварӣ дар оила ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом додаанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди никоҳшавандагон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватнадӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона карда шудааст.
Таъкид гардид, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мақсади асосии чунин ҳамоишҳо мебошад.








