ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ФАННӢ ВА МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

115

Дастаи олимпии Донишгоҳи миллӣ дар IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ғолиби 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” инчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи майи соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва тасдиқ намуда буд, раёсати Донишгоҳ баргузории мусобиқаи футболи хурдро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” доир намуд.

Дар чорабиниҳои мазкур донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ғолибиятро ба даст оварданд. Аз ҷумла, дастаи олимпии Донишгоҳ аз рӯйи панҷ номинатсия соҳиби 3 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм гардиданд.

ҶОЙИ АВВАЛ

1.Қурбонзода Муҳсин – донишҷӯи курси 4-уми факултети физика, аз рӯйи фанни физика;

2. Шукрулло Машрабов – донишҷӯи курси 4-уми факултети химия, аз рӯйи фанни химия;

3. Аминзода Нодир – донишҷӯи курси 3-уми факултети механикаю математика, аз рӯйи фанни информатика.

ҶОЙИ ДУЮМ

Бежан Тошов – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ, аз рӯйи фанни географияи иқтисодӣ.

ҶОЙИ СЕЮМ

Раҷабзода Хусрав – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, аз рӯйи фанни ҳуқуқ.

Ҳамзамон, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок намуда, САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ гардиданд.

Дастовардҳо муборак!