ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИДМ

161

Моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти илмии «Scientific academy- development & Science & Education» дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон байни муҳаққиқони ҷавони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмуни «Тадқиқотчии фаъол: низоми муосири таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар соҳаи маориф» баргузор гардид.

Имрӯз аз ҷониби Маркази тадқиқоти илмии мазкур маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун дар соли 2023 баргузор гардид. Беҳтарин мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ аз ҳафт давлатҳои ИДМ, ки дар соҳаи худ муваффақ шудаанд, соҳиби ҷоизаҳо, дипломҳо ва нишони сарисинагӣ гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин озмун аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кабирова Маҳноза ва Таиров Муҳаммад – донишҷӯёни курси4-уми факултети муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо пешниҳоди корҳои эҷодӣ дар самти ихтироъкорӣ ғолибиятро ба даст оварданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ғолибони озмунро барои дастоварди навбатияшон самимона табрик намуда, дар корҳои илмию эҷодияшон навгониҳои назаррасро таманно доштанд.